ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Қирғизистон мулоқот мекунад.
Дар ин бора ёвари президенти Русия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Юрий Ушаков хабар дод.
Гуфта мешавад, музокироти роҳбарони Тоҷикистону Русия рӯзи 13 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Ушаков, Раҳмон ва Путин дар рӯзномаи худ саволҳои зеринро хоҳанд дошт:
рушди муносибатҳои дуҷониба;
амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама ба вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон;
фаъолияти пойгоҳи низомии 201 дар ҷумҳурӣ, ки яке аз омилҳои асосии суботи минтақа ба шумор меравад.
"Мавзуъҳои зиёде ҳастанд, ки мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт", - таъкид кард ӯ.
Таъкид мешавад, кимулоқот қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 октябр дар Қирғизистон нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Ҳамчунин рӯзи 25 октябр нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешавад.