Путин барои ширкат дар нишасти сарони ИДМ озими Бишкек шуд

Интизор меравад, раисҷуҳури Русия дар як тантана бахшида ба 20 - умин солагрди таъсиси пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ширкат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Владимир Путин бо як сафар озими Қирғизистон шуд ва дар он ҷо бо сарони кишварҳои ИДМ мулоқот ва дар чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Бояд зикр намуд, ки нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 13 октябр дар Бишкек таҳти раёсати Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, мулоқоти Путин ва Ҷабборов рӯзи 12 октябр сурат мегирад. Раисҷумҳурони Русия ва Қирғизистон ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ мекунанд.
Раҳмон дар Бишкек бо Путин мулоқот мекунад
Илова бар ин, президентҳо дар як тантана бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, Владимир путин дар доираи ин сафар бо сарони кишварҳои ИДМ як қатор мулоқотҳои ҷудогона анҷом медиҳад.
Мулоқоти Путин ва Илҳом Алиев, кишвардори Озарбойҷон ҳамин руз сурат мегирад. Ҷонибҳо тасмим доранд, вазъи атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ ва нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар онҷо ва имкони бозгашти арманиёни Қарабоғ ба маҳалли зисти худро баррасӣ кунанд.
Гуфтугӯи Путин ва Раҳмон рӯзи 13 октябр баргузор мешавад. Раисҷумҳурон зимни мулоқот масоили амнияти минтақа ва фаъолияти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.