ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба занони ҳунарманд дар вилояти Суғд наздики ним млн сомонӣ грант супорида шуд, то фаъолияташонро густариш диҳанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки маблағро раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода супорид.
Аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Манбаъ афзуд, ки барои дарёфти гранти раиси вилояти Суғд соли равон аз 18 шаҳру ноҳия 125 лоиҳа пешниҳод гардида, дар натиҷа 60 нафар ғолиб дониста шуданд.
Гранти раиси вилоят барои дастгирии занони ҳунарманд ташкил шуда, давоми солхои 2010-2022 наздик 4 млн сомонӣ дода шудааст.
Ба иттилои ҳукумати Суғд, феълан дар вилоят 288 маркази ҳунармандӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумор 108 адад маркази таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад.
Дар марказҳои таълмӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ наздики 31 ҳазор занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд, афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд 40 сехи дӯзандагӣ амал намуда, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол ва Деваштич коргоҳҳои қолинбофӣ аз нахи абрешим ва дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстону Хуҷанд ва Истаравшан коргоҳу корхонаҳои пойафзолдӯзӣ фаъолият доранд.