ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти роҳбари давлат ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ ҳадафи сафари президентро иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ арзёбӣ кард. Ин чорабинӣ рӯзи 13 октябр дар Бишкек баргузор мегардад.
Манбаъ дақиқан нагуст, ки Эмомалӣ Раҳмон кадом рӯз озими Бишкек мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев қаблан гуфт, раҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти Қирғизистон масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.
"Дар чорабинии дарпешистода қарорҳои муҳиме қабул карда мешаванд, ки ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод ва фарҳанг нигаронида шудаанд", - изҳор дошта буд ӯ.
Ҳамзамон қаблан, Сергей Лебедев, котиби иҷроияи ИДМ низ хабар дода буд, ки ҷаласаи навбатӣ рӯзи 13 октябр дар пойтахти Қирғизистон сурат мегирад.
"Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо 13 октябр дар Бишкек баргузор шавад", - изҳор дошт Лебедев.
Ӯ қайд намуда буд, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳо ваколатҳои раиси кумитаи иҷроияи ИДМ ба муддати се сол боз дароз карда мешавад.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни ҳамин сол ба хотири иштирок дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон сафар карда буд.