Марказии тиббии Оқохон дар Хоруғ боз аст?

Маркази тиббии Оқохон дар пасманзари паҳн шудани хабарҳо дар мавриди баста шудани ин муассиса ва ба фоидаи давлат мусодира шудани он расман изҳорот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ боз буда, фаъолияташро ба таври муътадил идома медиҳад.
Дар ин бора ин муассиса бо нашри як иттилоияи кӯтоҳ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаст.
"Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ боз аст ва ба таври мӯътадил кор мекунад", - омадааст дар иттилоия.
Собиқ литсейи Оқохон дар шакли муассисаи давлатӣ фаъолу мудираш таъйин шуд
Дар зимн ҷой доштани бархе масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти муассиса тасдиқ шудааст, аммо тафсилоти он оварда нашудааст.
"Масъалаҳои ҳуқуқӣ бо мақомоти дахлдор баррасӣ мешаванд", - омадааст дар иттилоияи Маркази тиббии Оқохон дар Хоруғ.
Ахиран хабарҳо дар мавриди баста шудани ин муассиса ва ба фоидаи фоидаи давлат мусодира шудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардиданд.
Қаблан ҳолатҳои ба фоидаи давлат мусодира гардидани моликияти марбути Оқохон дар шаҳри Хоруғ ҷой дошт. Аз ҷумла литсейи Оқохон дар Хоруғ мусодира гардида, ба ҳайси муассисаи давлатӣ феълан фаъолият дорад.