Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зарбаи артиши Русия ба минтақаи Роботино ва Вербовое дар Украина

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки артиши ин кишвар ба мавзеъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Роботино ва Вербовое зарба заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Артиши Русия ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи Работино ва шимолу ғарби Вербовой зарба заданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифоъ.
Ба иттилои манбаъ, дар 24 соат душман дар самти Запорожье беш аз 80 сарбозашро аз даст додааст.
"Талофоти душман чунин аст: беш аз 80 сарбози украинӣ, як танк, се мошини боркаш, як тӯпхонаӣ Д-30 ва як тӯпи М-46", - иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
Дар самти Донетск, артиши Русия ду ҳамларо дар минтақаи Клешеевкаи ҶМД дафъ карданд. Ҳамчунин ба манотиқе, мавзеи артиши Украина дар Курдюмовка ва Андреевка зарба зада шуд. Дар давоми рӯз низомиёни украинӣ то 165 нафар кушта ва захмӣ, ду мошини зиреҳпӯш ва се мошинро талаф доданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия анборҳои авиатсияи Украинаро дар вилояти Днепропетровск нобуд кард
Дар самти артиши Русия, ҳамлаи гурӯҳҳои украиниро дар минтақаи деҳаи Приютноеи вилояти Запорожиеро дафъ намуданд. Талафоти ҳаррӯза: то 200 нафар, ду мошин ва як тӯпхонаи Д-20.
Дар маҷмӯъ, артиш, ба 118 минтақа зарба заданд.
Илова бар ин, системаҳои дифои ҳавоӣ 19 ҳавопаймои бесарнишинро дар маҳалҳои аҳолинишини Романовское, Червоногоркаи вилояти Запорожье, “Козачий лагер”, Новая Каховка ва Корсунка дар вилояти Херсон нобуд карданд.