ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шумори бекорон дар қаламрави ИИАО ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, то охири моҳи августи соли равон шумори бекорон дар ИИАО 15% коҳиш ёфтааст.
“Шумори бекороне, ки дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудаанд, то охири моҳи августи соли равон 892,9 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 15% кам шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамин тавр, шумори бекорондар қаламрави кишварҳои ИИАО 0,9%-и кувваи кориро ташкил медихад.
Бояд қайд кард, ин рақам дар соли 2022 ба 1,1% баробар буд.
Ёдовар мешавем, ки сатҳи бекорӣ дар Русия бори дигар ба ҳадди ақали таърихӣ расид (дар давраи мушоҳидаи ин нишондиҳанда аз соли1991), дар моҳи июни соли 2023 пас аз 3,2% дар моҳи май ба 3,1% коҳиш ёфт.
Теъдоди умумии бекорон дар Русия дар моҳи июни соли равон2351 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди моҳи майи соли ҷорӣ55 ҳазор нафар камтар аст.