Рӯзи Фалак дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мешавад?

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барномаи таҷлили Рӯзи Фалакро дар кишвар нашр намуд, ки чорабиниҳои мухталифи маърифатию фароғатиро дар бар мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр намуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 октябр Рӯзи Фалак таҷлил мегардад.
Дар доираи таҷлил, консерт, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асбобҳои миллӣ, намоиши китобҳо доир ба ҷашни фалак ва тафсири фарҳангшиносӣ сурат мегирад.
Вазири фарҳанг замони анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро гуфт
Қаблан ин мусиқии мардумии тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид ва акнун он ҳифз ва таблиғ хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон ансамбли "Фалак" мақоми давлатӣ дошта, дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат фаъолият дорад.
Ҳамчунин аз соли 2007 ба ин сӯ ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак бо тантана таҷлил мегардад.
Ҳунари фалак­сароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ ба номи Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор мегирад.