Заминҷунбии навбатӣ дар макони харобшудаи Афғонистон

Дар минтақае, ки бар асари силсилаи заминҷунбиҳои рӯзҳои охир ҳазорҳо нафар куштаю маҷруҳ гардида, теъдоди зиёди одамон бехона гардиданд, боз замин ларзид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Афғонистонро заминҷунбии навбатӣ ларзонд, ки ин дафъа ҳам маркази заминҷунбӣ музофоти Ҳирот гуфта мешавад.
Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон, заминларза соати 11:54 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ бо шиддати 4,6 бал сар зад.
Феълан маълумот дар мавриди хисороти ин офати табиӣ дар даст нест ва мақомоти маҳаллӣ расман дар мавриди паёмадҳои он хабар надодаанд.
Заминҷунбии даҳшатнок: Шумори қурбониёни зилзила дар Ҳирот аз ду ҳазор нафар гузашт
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 7 октябр Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2000 нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд.
Ҳамчунин шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо дар музофоти Ҳирот беш аз 6 дараҷа будаст.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гардид.