ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони чанд муассисаи нави таълимӣ дар назар аст.
Дар мавриди бунёди муассисаҳои нави таълимӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Фонди рушди Арабистони Саудӣ ба тавофуқ расиданд, хабар медиҳад Вазорати молияти Тоҷикистон.
Ба иттилои манӣаъ, тибқи ин санад лоиҳаи сохтан ва муҷаҳҳаз намудани 19 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ амалӣ мегардад.
Ин созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва мудири кулли Сандуқи рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон Ал-Маршад имзо карданд.
"Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони 19 мактаби нави замонавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз пурра ба итмом расонидан ва ба истифода додани онҳо 30 ҳазор нафар хонандагон бо ҷой баои таҳсил таъмин мегарданд", - омадааст дар ҳуҷҷат.
Лоиҳа ба татбиқи системаи ҳамаҷонибаи маориф барои баланд бардоштани сифати таълим дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Маблағи умумии лоиҳа 20 млн доллар буда, пурра аз ҳисоби қарзҳои боимтиёз аз Фонди рушди Саудӣ маблағгузорӣ мешавад.
Иҷрои ин тарҳ соли 2023 оғоз шуда, анҷоми он дар соли 2028 дар назар аст.