Дидори беш аз 27 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои зебои Гулистон

Аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиббӣ аз аввали соли равон ба буҷети шаҳри Гулистон аллакай 32,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дидори сайёҳон ба яке аз минтақаҳои вилояти Суғд афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, аз аввали соли 2023 аллакай беш аз 27 ҳазор нафар аз шаҳри Гулистон дидан кардаанд.
Сайёҳон дар осоишгоҳо, диспансерҳо, меҳмонхонаҳо истироҳат карда, минтақаҳои сайёҳии шаҳрро тамошо кардаанд.
Аз мавзеъҳои сайёҳии ин шаҳри вилояти Суғд 2,5 ҳазор меҳмони хориҷӣ ва 25,5 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ, ки гардишгарони дохилӣ ба ҳисоб мераванд дидан карданд.
Дар ин бора дар ҷаласаи фаъолони шаҳр аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар давраи нӯҳ моҳи соли 2023 иттилоъ дода шуд.
Имзои 6 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо Ӯзбекистон, Туркия ва Русия
Қобили зикр аст, ки аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва тиббӣ ба буҷети шаҳр 32,7 млн. сомонӣ ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳри Гулистон беш аз 8,1 ҳазор нафарро ҳамчун сайёҳ қабул кардааст.
Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи тақвияти бахши сайёҳии вилоят изҳор дошта буд.
Ба гуфтаи вай, ҳамасола садҳо ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд ва дар ин замина имкони таҳкими равобит ва татбиқи тадбирҳои муҳим барои ҷалби сайёҳон вуҷуд дорад.