Аз сармоя барои ташкили корхона то ҷалби сайёҳон: Аҳмадзода аз сафири Олмон чӣ хост?

Раиси вилояти Суғд аз сафири Олмон хост, ки барои ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо минтақаҳои гуногуни Олмон кумак намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шугарф​ масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тарафҳо дар бораи густариши равобити дӯстона мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят дар ин суҳбат қайд кард, ки Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ дошта, саҳми Олмон дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва барои ҷомеа муфид назаррас аст.
Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки дар вилояти Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд карда, имкониятҳо барои амалисозии лоиҳаҳои нав фаровон аст.
“Вилоят метавонад барои ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои нав, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо минтақаҳои гуногуни Олмон​ робита барқарор намояд”, - таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар Суғд 11 нафар барои воридоти мошинҳои кӯҳна боздошт шуданд
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд қайд кард, ки ҳамасола садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва Тоҷикистон сафар мекунанд ва дар ин бахш низ метавон робитаҳоро мустаҳкам намуда, барои ҷалби сайёҳон аз Олмон корҳои муҳимро амалӣ сохт.
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шугарф зимни мулоқот омодагии худро барои боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои дӯстона баён дошт.
Ҳамзамаон зикр гардидааст, ки дипломати олмонӣ зимни сафари худ ба вилоят аз як қатор минтақаҳои сайёҳиву фарҳангӣ, корхонаҳои саноатии вилоят боздид менамояд.