Натиҷаи зарбаҳои Ҳамос ба Исроил – акс

Шаби 7 октябр Исроил аз тарафи навори Ғазза мушакборон шуд ва гурӯҳи фаластинии Ҳамос аз оғози амалиёти ҷангӣ алайҳи Исроил хабар дод
Sputnik
Ёдовар мешавем, ки бахши низомии ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо"-ро алайҳи Исроил эълон кард.
Ҳамос иддао кард, ки беш аз 35 сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти шамшерҳои оҳанин алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Исроил ба ҷанг омода будани худро эълон кард
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва таъкид кард, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи сарбозон дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.