ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро ба ҳунарманд дар ҷамъи аҳли илму фарҳанг ва адабу ҳунар сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода супурд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
“Солҳои охир робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон – ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар беш аз пеш тавсеа меёбанд. Ба унвонҳои олӣ – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидани овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон – шодравон Шералӣ Ҷӯраев, Матлуба Дадабоева ва Мардони Мавлон тасдиқи ин гуфтаҳост. Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин навбат яке аз ҳунарпешаҳои мумтоз, зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Хайрулло Насриддинов ба унвони баланди Ҳофизи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки Хайрулло Насриддинов солҳои дароз барои ду мардум – тоҷикон ва ӯзбекон хизматҳои шоиста анҷом додааст ва ба ҳар гуна қадршиносиҳои ду мамлакати ҳамҷавор сазовор мебошад.
Ба таъкиди ӯ ин овозхон рамзи дӯстии ду халқи бародар аст ва минбаъд низ ин рисолатро давом хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Насриддинов қайд кард, ки минбаъд низ талошҳоямро дар бобати рушди фарҳанг ва дӯстии тоҷикону ӯзбекон тақвият хоҳам дод.
Хайрулло Насриддинов авоили солҳои 70-уми асри гузашта Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, ба ҳайси актёр дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст.
Сипас, бо исрори падари шодравонаш ба деҳаи Пусурхии ноҳияи Бойсун баргашта, маросимҳои мардум ва тантанаҳои гуногуни расмиро чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон шукӯҳ бахшидааст.