Медали Вишневский ва сипоснома: ИДМ вазири тандурустии Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

Вазири тандурустии Тоҷикистон бо медали Вишневский ва сипосномаи Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ қадрдонӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ИДМ қадрдонӣ шуд.
Маросими супурдани медал ва ҷоиза дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ сурат гирифт.
Манбаъ таъкид намудааст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд.
“Аснои тақдими Медал ва Сипоснома масъулини Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ ба ҷониби Тоҷикистон барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои баргузории ин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ба Ҷамолиддин Абдуллозода медал доданд
Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти 30 солаи хеш инак бори нахуст Конгресси номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки Конгресси мазкур то санаи 6 октябр дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.