Магистрантҳои Русия дар Тоҷикистон забони русӣ таълим хоҳанд дод

Магистрантҳои забони русӣ аз рӯи натиҷаҳои озмун ба Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ рафтанд. Акнун онҳо давоми як моҳ дар навоҳии кишвар ба муҳассилин таълим хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Магистрантҳои риштаи филология аз Русия барои роҳандозии фаъолияти омӯзгорӣ ба Тоҷикистон омаданд, иттилоъ дод "Россотрудничество".
Ба иттилои манбаъ, дар давоми як моҳ се нафар коршиноси забони русӣ дар мактабу донишгоҳҳо дарс мегузаронанд.
"Барандаҳои озмуни "Устодони забони русй" аллакай бо шогирдон ва ҳамкасбон шинос гардида, аллакай машғулиятҳои аввалини худро баргузор намуданд", - омадааст дар хабарномаи "Хонаи русӣ".
Ҳамин тариқ, як донишҷӯ аз Благовешенск дар ду мактаби Ваҳдат ва Душанбе дарс хоҳад дод. Вай мактаби Сомониён ба фарзандони гурезаҳои афғон дарс медиҳад, афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи вай, кунҷковии донишҷӯёни оянда ва ошкорбаёнии онҳо ӯро ба ҳайрат овард.
Магистри дигри аз Чебоксар дар шаҳри Душанбе дар кафедраи забони муосири русии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон таҷарибаомӯзӣ дорад. Шунавандагонаш донишҷӯёни курси якум хоҳанд буд.
Ба мактаббачагони Ваҳдат китобҳо бо забони русӣ тақдим шуд
Аспирант аз Ҳавзаи мухтори Ханти-Манси аллакай дар факултети филологияи руси Донишгохи давлатии Хучанд лексия мехонад ва инчунин дар гимназияи ба номи ба номи Гёте таълим медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни "Устодони забони русӣ" дар чаҳорчӯби барномаи "Дастгирӣ ва таблиғи забони русӣ дар хориҷа" баргузор мешавад, ки баргузоркунандаи он "Россотрудничество" мебошад.