Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “донистани забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, модар, Ватан, ифтихори миллӣ ва ватандӯстист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ аз тоҷикистониён хост ба омӯзиши забони давлатӣ аҳамияти бештар диҳанд.
Ӯ гуфт, омӯзиши забони модарӣ бояд нахуст аз оила ва сипас аз муассисаҳои томактабӣ оғоз гардад. Ба кӯдакон зарурати донистани забони давлатӣ аз овони хурдсолӣ бояд талқин шавад, гуфт роҳбари давлат.
Ба таъкиди президент донистани забони давлатӣ ин эҳтиром гузоштан ба давлат, ва модар-ватан аст.
Дар идома кишвардор зикр намуд, ки дар баробари забаони модарӣ кӯдакону наврасон бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул шаванд.
Дар моҳи октябр тоҷикистониёнро чӣ идҳо интизор аст: тақвим
"Танҳо ҷавононе, ки забони давлатии худро дар сатҳи аъло медонанд ва забонҳои хориҷиро дар асоси он хуб аз худ мекунанд, метавонанд дар раванди ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳон фаъол бошанд ва илму донишҳои замонавиро мутобиқи талаботи замонаи пешрафт омӯзанд", - изҳор дошт президент.
Ба таъкиди ӯ, миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад.
Аз ин рӯ, президент даъват кард, ки тоҷикистониён бояд забони давлатиро бояд ҳамчун гавҳари гаронбаҳотари ҳифзу эҳтиёт кунананд ва онро аз насл ба насл дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузоранд.