Путин аз сатҳи ҳамкорию шарикӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард

Раисҷумҳури Русия ба президенти Тоҷикистон дар зодрӯзаш занг зада, ӯро бо 71-умин солгарди умраш шодбош гуфтааст, иттилоъ дод Кремл
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин аз сатҳи феълии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кремл ин нуктаро президенти Русия зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
Зикр гардид, ки нахуст Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш шодбош гуфта, вазъи феълию дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудаст. Ҳар ду ҷониб азмашонро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштаанд, афзуд Кремл.
"Ҳарду ҷониб аз сатҳи феълии ҳамкориҳо, шарикии стратегӣ ва иттиҳодӣ изҳори қаноатмандӣ карда, азмашонро барои таҳкими минбаъдаи онҳо таъйид намудаанд", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти перезиденти Русия.
Занги Матвиенко ба Раҳмон дар зодрӯзаш
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон низ суҳбати телефонии Путину Раҳмонро таъйид карда, изҳор доштаст, ки сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ баррасӣ кардаанд.
"Ҳамчунин, атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоияи ҷониби Тоҷикистон.
Қабл аз занги телефонӣ, президенти Русия бо ирсоли паёми шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо 71-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфта буд. Эмомалӣ Раҳмон тайи 31 соли охир, аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад.