ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар доктринаи низомии Русия ду далели истифодаи эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ мавҷуд аст, изҳор дошт президент, Владимир Путин ва таъкид намуд, ки ниёзе ба ислоҳи онро намебинад.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳолати якум истифодаи силоҳи ҳастаӣ алайҳи Русия аст, ки Маскав дар ҷавоб фавран посухе хоҳад дод, ки ҳеч адӯ зинда намемонад.
"Дар амал ин чунин аст, вақте мушакҳо париданду, низоми мо муайян кард, ки ҳадаф Русия аст, фавран посух хоҳад сурат гирифт. Ин аллакай дар чанд сония сурат мегирад", - гуфт ӯ.
Путин таъкид намуд, ки посухи Русия дар ҳар самт садҳо мушак хоҳад буд, ки ҳеч имкони зинда мондани душман намемонад.
Ӯ афзуд, ки ҳолати дуюми эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ, таҳдиди боқӣ мондани Русия ҳамчун кишвар мебошад.
Раисҷумҳур афзуд, феълан вазъияте нест, ки ба Русия ва мавҷудияти он ҳамчун давлат таҳдиде ҷой дошта бошад.
Ба ақли одами солим намедарояд, ки алайҳи Русия аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, чун ҳарифҳо дар дар бораи эҳтимоли посух додан медонанд, таъкид намуд Путин.