ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Русия ҳамеша аз яке пояҳои низоми ҷаҳонӣ хоҳад буд, ки ба ҷонибдорӣ аз баробарию алайҳи зӯрию фармонфармоӣ баромад мекунад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" дар Сочи баён дошт.
"Ҳама кӯшиш мекунанд, ки симои ояндаро тасаввур кунанд ва муҳим аст, ки мо дарк кунем, ки ба куҷо меравем. Пешгӯии натиҷаи ҳаракат қариб ғайриимкон аст, аммо фаҳмиш вуҷуд дорад, ки мо ба куҷо меравем", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки адолат барқарор мешаваду ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳатман ташаккул хоҳад ёфт. Вай афзуд, ки низоми яккаҳукмронӣ дигар барнахоҳад гашт.
Ӯ зарур хонд, ки бояд худхоҳӣ канор гузошта шаваду ба дигаронн чун ба шарикони дуюмдараҷа нигоҳ кард. Ҳама бояд баробару имкониятҳои баробар ба рушдро дошта бошанд, гуфт Путин.
Президенти Русия илова намуд, ки фазои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозоир мӯътадил ва хушунатзо мебошад.
Ӯ ғайриқобили қабул хонд, ки тамаддун бори касе шавад. Тамаддун чизеро ба касе бор намекунад, аммо намегузорад, ки чизе ба худаш таҳмил шавад, изҳор дошт президенти Русия.