ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар минтақа тамоюли ташаккули хатсайрҳои нави логистикӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси афзоиши талабот ба ҳамлу нақли мултимодалӣ мегардад, изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим.
Вай зимни ҳамоиши байналмилалии "Роҳи нави Абрешим" гуфт, сабаби асосии таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамлу нақли мултимодалӣ қобилияти онҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба маҳдудиятҳои як намуди нақлиёт мебошад.
"Масалан, агар борро бо истифодаи танҳо як намуди нақлиёт мустақиман ба масофаи дур интиқол додан мумкин набошад, ҳамлу нақли мултимодалӣ якчанд намуди нақлиётро барои интиқоли мол ба макони таъинот муттаҳид мекунад", - тавзеҳ дод ӯ.
Вай таъкид намуд, ки барои рушди робитаҳои нақлиётии мултимодалӣ бояд стратегияи ягонаи рушди марказҳои нақлиётии мултимодалиро таҳия гардаду арзёбии талабот, иқтидори ҳар як хатсайр, пешгӯии имкониятҳои техникӣ самаранок роҳандозӣ гардад.
Азим Иброҳим гуфт, яке аз ҳадафҳои асосии барномаи рушди нақлиёти Тоҷикистон, ки аз ҷумла ба рушди ҳамлу нақли мултимодалӣ равона шудааст, таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун транзитӣ байни Осиёи Марказӣ, Чин, кишварҳои Ховари Миёна ва Аврупо мебошад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки системаҳои минтақавии нақлиёт ба шарте самаранок хоҳанд буд, ки намудҳои гуногуни нақлиёт муттаҳид ва босубот рушд кунанд.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳар як минтақа ташкили шабакаи ягонаи марказҳои нақлиётии мултимодалӣ, аз ҷумла дар миқёси миллӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, гуфт ӯ.
Азим Иброҳим зарур хонд, ки логистикаи самараноки мултимодалӣ барои таъмини интиқоли зудтари мол байни кишварҳо ва қитъаҳо таъсис дода шавад.