ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ба Украина умеди бардурӯғ медиҳад, ки ба зудӣ ба ин иттиҳод шомил мешавад.
Дар ин бора раиси собиқи Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер изҳор дошт.
"Ман аз баъзе овозҳо дар Аврупо, ки мекӯшанд украинҳоро бовар кунонанд, ки онҳо метавонанд дарҳол узви Иттиҳодияи Аврупо шаванд, хеле хашмгинам", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Юнкер, пайвастани Украина ба ин иттиҳод фоидае нахоҳад дошт.
"Киев сахт фасодзада аст ва ба ислоҳоти густурдаи дохилӣ ниёз дорад", - итминон дорад раиси собиқи Комиссияи Аврупо.
Қаблан нашрияи Politico бо такя ба манобеаш хабар дода буд, ки Брюссел барои оғози музокироти расмӣ бо Киев дар мавриди пайвастан ба ин иттиҳодия омодагӣ мегирад.
Дар моҳи сентябр раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен изҳори итминон кард, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад фаъолияти бомуваффақияти худро дар шакли васеъ идома диҳад.
Вай ҳамчунин пайвастани аъзои нав ба Иттиҳодияи Аврупоро "беҳтарин сармоягузорӣ ба сулҳ, амният ва шукуфоии тамоми қитъа" хонд. Дар ҳамин ҳол, Урсула фон дер Лейен санаи мушаххаси тавсеаи созмон ва пазируфтани Украина ба узвияти онро нагуфт.