ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбӣ ба амал омад, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон.
Ба иттилои марказ, ҷунбиши замин дар ноҳияи Ванҷ соати 06:30 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Ин манбаъ шиддати заминҷунбиро 4 балл арзёбӣ намуда, макони онро дар умқи 15 км гуфт.
Ҳоло маълум нест, ки ин офати табиӣ дар пай чӣ хисорот ба сокинони ноҳияи Ванҷ овард.
Зимнан, Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки бегоҳи рӯзи 2 октябр дар ноҳияи Ванҷ якбора се заминҷунбӣ сар зад.
Ду мавриди ҷунбиши замин соатҳои 19:03 ва 19:18 ва заминҷунбии баъдӣ соати 23:39 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Шиддати ин се ларзиши замин ба 4, 4.4 ва 4,7 дараҷа баробар буд. Ҳоло КҲФ заминҷунбиҳои пай дар пайи ноҳияи Ванҷро шарҳ надодааст.
Тибқи маълумотҳои расмӣ, танҳо дар 6 моҳи соли равон дар минтақаи ВМКБ сар задани беш аз 20 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 19 млн сомонӣ хисорот расонида шудааст.
Ҳамагӣ дар 25 сол дар минтақаи ВМКБ 314 офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари онҳо 63 нафар ҷон бохтанд. Хисорот молӣ дар ин давра бештар аз 300 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.