ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ситоди кулл нақшаи басиҷи иловагӣ надорад, гуфт вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи бо раҳбарияти қувваҳои мусаллаҳи Русия.
“Артиши Русия барои анҷом додани амалиёти вижаи низомӣ миқдори зарурии кадрҳои низомиро дорад. Барои ин мавқеи устувори ватандӯстии шаҳрвандони мо, ки ба сафи ҳомиёни Ватан фаъолона пайвастаанд, мусоидат мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Шойгу гуфт, ки аз аввали сол беш аз 335 ҳазор нафар тибқи шартнома ва ба ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.
Ба гуфтаи вай, дар кори умум тамоми субъектҳои кишвар, корхонаҳои калон, корпоратсияҳои давлатӣ ва ҷамъияти казакҳои рус саҳми арзанда мегузоранд.
Вай ҳамчунин аз амалкарди муваффақи сарбозони рус дар минтақаи амалиёти вижа ёдовар шуд.
“Қӯшунҳои мо бо фаъолияти худ, иқтидори ҷангии душманро хеле заиф намуда, ба ӯ хисороти ҷиддӣ расонидааст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, артиши Украина натавонистанд дар ҳамлаи ҷавобӣ комёб шаванд.
"Кӯшиши душман барои рахна кардани хати дифои мо дар минтақаҳои Вербовая ва Работино дар самти Запорожье ноком шуд", - гуфт Шойгу.
Ғайр аз ин, сарбозони гурӯҳи "Чануб"-и артиши Русия тамоми ҳуҷумҳои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар самти Соледа-Бахмутро рафъ карданд.