Оғози Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии "Китоби Душанбе" дар пойтахт

Ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои боздид аз 11-умин намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" ташрифи меҳмонон аз 12 давлати дунё дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Аз 3 то 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии "Китоби Душанбе" доир мегардад, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои ватанию хориҷӣ баргузор гардида, намоишҳои ҷолиби фарҳангӣ ва аксу мусаввараҳо ба роҳ монда мешаванд.
Ба ин намоиш намояндагон ва меҳмонони 12 кишвари дунё, аз ҷумла Туркия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон даъват гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки дар намоиши мазкур иштироки меҳмонони ифтихорӣ аз Русия низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва дар он асарҳои садҳо адиб ва шоирони ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Соли гузашта Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”, дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид, ки дар он 4 000 номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Эрон, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ китобҳои тозанашри хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб ва дӯстдорони китоб гардонида буданд.