ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Артиши Русия ба анборҳои сӯзишворӣ ва аслиҳа барои ҳавопаймоҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Украина зарба заданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Украина.
"Дар фурудгоҳи Долгинтсево дар вилояти Днепропетровск анборҳои сӯзишворӣ ва аслиҳа барои ҳавопаймоҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд", - қайд кардааст манбаъ.
Ғайр аз ин, дар минтақаи Преображенкаи вилояти Запорожие станцияи навигатсионии "Анклав"-ро нобуд карданд. Дар наздикии Петровский дар ҶМЛ низомиёни рус макони алокаи бригадаи савораи 66-уми куввахои мусаллахи Украина ҳуҷум карданд.
Танҳо дар давоми як руз кувваҳои ҳаво, тӯпхонаӣ ва мушакӣ дар 107 минтақа ба ҳайати шахсон ва техникаи душман зарба заданд.
Гурӯҳи нерӯҳои "Ҷануб" се ҳамлаи нерӯҳои ҳамлагари украиниро дар минтақаҳои Красногоровка, Невелское ва Андреевкаи ҶМД рафъ кард.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.