Имзои 6 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо Ӯзбекистон, Туркия ва Русия

Ҳамкории Тоҷикистон бо се кишвар - Ӯзбекистон, Туркия ва Русия дар бахши сайёҳӣ тақвият хоҳанд ёфт. Барои ин кор мақомоти кишвар 6 санади нави ҳамкорӣ имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Барои тақвияти ҳамкории муқштарак дар самти бахши сайёҳӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои Ӯзбекистон, Туркия ва Русия Русия 6 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи "Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023" ба имзо расид.
Ахиран дар Душанбе дар доираи "Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023" дар мавзӯи "Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушди соҳа" баргузор шуд, ки дар он соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Супориши муовини сарвазир: Шароити сайёҳӣ муҳаёст, хизматрасониро беҳтар намоед
Ҳадафи чорабинӣ муаррифии бештари шароит ва имконоти фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа мавзуъҳои соҳаи сайёҳӣ ва ислоҳоти он, имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳӣ, самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бренди сайёҳӣ ва раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истифодаи самараноки обҳои минералӣ ва шифобахш, гиёҳҳо ва иқтидорҳои табобатии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.