Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифоъ аз тахриби се анбори муҳимоти Украина хабар дод

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки се анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Херсон ва ҶМД нобуд карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоӣ, мушакӣ ва артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар як рӯз нерӯи корӣ ва техникаи низомии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар 102 ноҳия ҳадаф қарор доданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Русия, се анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар мавзеъҳои Киселевка, Шляховойи вилояти Херсон ва Краматорски Ҷумҳурии мардумии Донеск нобуд кард.
Манбаъ афзуд, ки авиатсияи оперативӣ-тактикӣ ва артиш, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерияи гурӯҳҳои нерӯҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба нерӯи корӣ ва техникаи низомии еерӯҳои мусаллаҳи Украина дар 102 минтақа зарба заданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тахриби анбори муҳимоти ҷангии Украина - видео
"Ғайр аз ин, се анбори лавозимоти ҷангии бригадаҳои ҳудудии 124, 126 ва бригадаи 81-уми авиамобилии Ққувваҳои мусаллаҳи Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Киселевка, Шляховоеи вилояти Херсон ва Краматорски ҶМД нобуд карда шуд", - омадааст дар хабари Вазорат.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.