ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин танҳо ширкати коркарди тилло аст, ки нисфи саҳмаш ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Мурод Хол Ҷӯразода, муовини мудири кулли Талко Голд гуфт, то ба ҳол ширкат консентратро омода мекунад ва қарор бар ин аст, ки бо эҷоди як корхонаи металлургӣ худи маҳсулоти ниҳоӣ – тилло, сурма ва сурмаи сафед низ дар худи ширкат ба даст ояд.
“Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 ба ин мақсад тадобири аввалия рӯи даст гирифта шудаанд ва умедворем, ки то соли 2024 чунин як корхонаро мавриди истифода қарор диҳем”, - гуфт Мурод Хол Ҷӯразода.
Бино ба иттилои ӯ, иқтидори истеҳсолии корхонаи металлургӣ 2,2 тон тилло, 15 ҳазор тон сурма ва 6 ҳазор тон сурмаи сафедро ташкил хоҳад дод ва худи корхона бо сармоягузории ширкат сохта хоҳад шуд.
Ба қавли Мурод Хол Ҷӯразода, дар “Талко Голд” ҳудуди 1000 коргару мутахассис машғули фаъолиятанд, ки 150 нафар, ё 15% онҳо шаҳрвандони Чинанд.
“Тибқи Қонуни забон ва дигар қонунҳои Тоҷикистон дар ҳудуди корхона тамоми навиштаҷот бо забони тоҷикӣ анҷом мешавад, зеро корхона худ корхонаи Тоҷикистон буда, ширкати “Хуайуй”-и Чин фақат саҳҳом аст”, - гуфт муовини мудири кулли “Талко Голд”
Вай афзуд, хоки тиллову сурма дар баландии қариб 5 ҳазор метр ба даст омада, ба гунаи мисол, аз ҳар тон хок ба таври миёна 2,5 грам тило ҳосил мешавад.
“Бо истифода аз техникаву технологияи муосири ширкатҳои ҷаҳон истихроҷ ва ғанисозии маъдан анҷом меёбад. Дар корхона бо усули флотатсионӣ бой кардани маъдан ба роҳ монда шудааст. Моддаи заҳрноки сианид дар коркарди тиллову сурма истифода намешавад, зеро ҳам ба саломатии коргарон ва ҳам муҳити атрофи зиёни калон мерасонад”, - гуфт Мурод Хол Ҷӯразода.
Тибқи иттилои ӯ, “Талко голд” рӯзона 5 ҳазор ва дар як сол 1,5 миллион тон маъданро коркард ва дар шакли консентрат ба хориҷ, қабл аз ҳама Чин содир намуда, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 242,5 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст, ки андози он беш аз 52,7 млн сомониро ташкил додааст ва ҳеҷ қарзе аз андоз ҳам надорад.
Муовини мудири кулли ширкати “Талко Голд” гуфт, дар корхона ҳаҷми миёнаи маош 8130 сомониро ташкил мекунад.
“Ҳаҷми камтарин маош ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ аст, ки фаррошон мегиранд ва мутахассисоне, ки дар конҳо кор мекунанд, то 60 ҳазор сомонӣ моҳона мегиранд”, - гуфт Мурод Хол Ҷӯразода.
“Талко Голд” ё “Тиллои Талко”, яке аз ширкатҳои гурӯҳи Талко, корхонаи давлатии Тоҷикистон аст, ки моҳи апрели соли 2021 дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо сармоягузории Чин ба кор шурӯъ карда, 50 дарсади саҳмияҳояш ба Чин ва 50 дарсад ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад. Бақия ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба тавлиди тиллову дигар металҳои қиматӣ машғуланд, бештарин саҳм то 80% - ро доранд ва саҳми Тоҷикистон миёни 20 то 30% аст.
Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки аз ин ба баъд талош мекунанд корхонаҳои истеҳсоли маъдани қиматбаҳоро пурра бо иқтидори худ бунёд кунанд ва саҳми онҳо 100% мутааллиқ ба Тоҷикистон бошад. Вай далели чунин саҳми ками Тоҷикистон дар корхонаҳои тиллоро ба мутахассисон рабт дода буд, ки аксаран хориҷианд.