ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Андрей Алексеенко, роҳбари вилояти Херсон мегӯяд, ки Русия нисбат ба Украина бештар дар вилояти сармоягузорӣ кардааст, дар ҳоле, ки ин вилоят 30 сол ба ҳудуди Украина дохил буд.
Ин ҳарфҳоро Алексеенко ба РИА Новости дар солгарди шомилшавии Херсон ба қаламрави Русия гуфт.
"Бояд гуфт, ки вилояти Херсон аз замони Шӯравӣ инҷониб чунин миқёси сохтмон ва таъмири асосии роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва инфрасохтори коммуналиро надидааст. Дар тӯли ин сол Русия ба вилояти Херсон назар ба режими Украина бештар сармоягузорӣ кард", - изҳор дошт Алексеенко.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии солҳои оянда, ки бо супориши раисиҷумҳури Русия таҳия шуда буд, такони рушди минтақа буд.
"Баъзе аз фаъолиятҳо дар он якҷоя бо ҳукумати Русия амалӣ карда мешаванд ва баъзеи онҳо фаъолияти худи вазоратҳои федералӣ барои рушди бахшҳои мушаххаси иқтисоди мо хоҳад буд", - таъкид кард Алексеенко.
Вилояти Херсон дар натиҷаи раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Украина қонунияти онро эътироф намекунад ва тирборони қаламрави минтақаро идома медиҳад.
Ҳоло 75 дарсади қаламрави вилояти Херсон зери назорати Русия аст ва қисмати соҳили рости Днепр, аз ҷумла Херсон дар ихтиёри Украина боқӣ мемонад.