Дар бинои "Кохи Истиқлол" барои сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ ғурфаҳо бо дастовардҳои маҳсулотҳои тавлидшудаи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Тоҷикистон дар намоишгоҳи "Душанбе Инвест - 2023" дастовардҳои худро дар бахшҳои энержӣ, металлургӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ кард.
Илова бар ин, дар ин намоишгоҳ, саноати миллии худравсозӣ ва маҳсулоти технологӣ, ки дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ сохта шудаанд ба таври хоса намоиш дода шуданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки аз ин намоишгоҳ дидан кард. Ба аксҳои ҷолиб аз намоишгоҳи дастовардҳои Тоҷокистон назар намоед.