ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ташкили ҳукумати фарогир дар шароити феълӣ дар Афғонистон хатар дорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии толибҳо, Амирхон Муттақӣ.
Вай зимни ҳамоиш дар умури Афғонистон дар Қазон гуфт, дар Афғонистон аллакай ҳукумати ба истилоҳ фарогир вучуд дошт ва он сарфи назар аз дастгирии мамлакатҳои минтақа ва Ғарб муваффақият даст наёфт.
Муттақӣ гуфт, тайи 45 соли ахир ягон модели берунии идораи Афғонистон, аз ҷумла ҳукумати фарогир, мушкилоти кишварро ҳал накардааст, аз ин рӯ таҳмил кардани онҳо фоидае надорад.
Вазири умури хориҷии гуруҳи толибҳо ҳукуматҳои мавриди талаби хориҷиҳо, аз ҷумла ҳукумати фарогирро сабаби бӯҳронҳо хондаст.
Толибон* омодаанд дар Афғонистон тамоми имкониятҳоро барои рушди лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла долони Шимолу Ҷануб фароҳам созанд.
Толибон* ӯҳдадориҳои худро оид ба пешгирии таҳдидҳои амниятӣ ба кишварҳои ҳамсоя иҷро карданд. ️Иҷрои нақшаи халалдор кардани амнияти тамоми минтақа пешгирӣ карда шуд, гуфт ӯ.
* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.