Мулоқоти Тоҷикистону Русия сари масоили ҷалби сармоя

Сарвазири Тоҷикистон бо муовини сарвазири Русия дар шаҳри Душанбе масоили таҳкими ҳамкори байни манотиқи ду давлатро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Ҳуснуллин мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия баргузор гардид, иттилоъ додааст, ҳукумати кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи судманд муҳокима гардид.
Тарафҳо зимни мулоқот аз сатхи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии боэътимоду дӯстона расидааст.
Ҳуснуллин аз оғози сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе хабар дод
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар низоми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
“Ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкори байни минтақаҳои ду давлат, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд”, - хабар додааст манбаъ.
Зикр карда шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид.