Маскав гуфт, чӣ барои толибҳо эътирофи байналмилалӣ меорад

Вазири корҳои хориҷии Русия ба зарурати ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон таъкид кард. Вазири умури хориҷии толибҳо аз хатарҳои он ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Таъсиси ҳукумати фарогир метавонад барои эътирофи Толибон* асос шавад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров.
Ӯ ин нуктаро дар паёмаш ба иштирокдорони нишасти "формати Маскав" таъкид кардаст, ки матни он аз ҷониби намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия, дар умури Афғонистон, Замир Кабулов қироат шуд.
"Давлатҳои ғайриминтақавӣ танҳо ба масъалаҳои гендерӣ таваҷҷӯҳ намуда, муҳимтарин мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро сарфи назар мекунанд", - омадааст дар паёми ӯ.
Душанбе нигарониҳояшро дар мавриди Афғонистон баён дошт
Таъкид шудаст, ки Ғарб саъй дорад ташаббуси кишварҳои минтақаро дар масири Афғонистон ба даст бигирад ва миёни онҳо ихтилоф эҷод кунад.
"Бо ҳар баҳона баргардонидани инфрасохтори низомии ИМА ва НАТО ба қаламрави Афғонистон ва ҳамсоягони он қобили қабул нест", - таъкид намудаст Лавров.
Ҳамроҳ кардани талошҳои кишварҳои минтақа бо НАТО танҳо дар сурате имконпазир аст, ки паймон масъулияти вазъи кунунии Афғонистонро эътироф кунад, гуфтаст ӯ.
Ҳамоиши Қазон бо иштироки намояндагони толибон* ва кишварҳои минтақа баргузор гардида, дар натиҷаи он эъломия қабул шуд, ки Тоҷикистон онро тасвиб накард.
*Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.