Раҳмон ба Олмон рафт

Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро раҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди Олмон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президент хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки раҳбари ҷумҳурӣ дар мулоқоти президентҳои “Осиёи Марказӣ – Олмон” ширкат хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Президенти ҷумҳуриро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷдиддин Муҳриддин, ёварони роҳбари ҷумҳурӣ оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва молия ҳамроҳӣ мекунанд.
Президенти Тоҷикистон бо ҳамсояҳояш ба Олмон меравад
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза аз 28 то 30 сентябр дар Олмон хоҳад буд.
Ба ҷуз аз мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, мулоқоти раҳбарони кишварҳои минтақа бо садри аъзами федерол Олаф Шолз дар назар аст.
Дафтари матбуоти президент таъкид кард, ки мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолз низ дар назар аст.
Гузашта аз ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ширкат хоҳад кард.