ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳӣ мавҷудияти худро қатъ мекунад.
Дар ин бора раиси ҷумҳурии эътирофнашуда Самвел Шаҳраманян фармон имзо кардааст.
Қайд карда мешавад, ба аҳолӣ дастур дода шуд, ки шартҳои пешниҳодкардаи Бокуро баррасӣ намуда, имкони боқӣ монданро мустақилона ҳал кунанд.
Ба ҳамин тариқ, Шаҳраманян дар фармони худ ба вазъияти душвори ҳарбию сиёсии ба амаломада ишора кард.
"Қарор қабул шуд: то 1 январи соли 2024 ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатии тобеи онҳо барҳам дода шаванд ва Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ (Артсах) фаъолияти худро қатъ кунад", - таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.
Рӯзи 19 сентябр вазорати дифои Озарбойҷон барои барқарории сохти конститутсионӣ дар Қарабоғ “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ”-ро оғоз кард.
Боку хурӯҷи комили нерӯҳои арманӣ аз минтақа ва барҳам додани мақомоти эътирофнашудаи Степанакертро шарти истиқрори сулҳ номид. Ереван ҳодисаи рухдодаро таҷовуз номида, изҳор дошт, ки дар Қарабоғ воҳидҳои арманӣ вуҷуд надоранд.
Дар пайи тирборони ҷонибҳо пас аз як рӯз оташбас ҳосил шуд ва дар пайи ақибнишинии Арманистон ҷониби Қарабоғ маҷбур ба гузоштани силоҳ ва розӣ ба шартҳои Боку шуд.