Дар ИИАО низоми ягонаи эллектронӣ барои бахши нафақаро таҳия мекунанд

Рушди ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар беҳбуди низоми ҳифзи иҷтимоӣ муҳим аст, таъкид кард раҳбари Комиссияи иқтисодии Авруосиё
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкориҳоро дар соҳаи таъмини нафақаи коргарон ба формати электронӣ мегузаронанд.
Дар ин бора вазири иқтисод ва сиёсати молии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Боқитҷон ​​Сагинтаев хабар дод.
Гуфта мешавад, ки формати электронӣ бо истифода аз системаи муттаҳидшудаи иттилоотии иттиҳодия сурат мегирад.
"Анҷоми ин кор тамоми расмиёти вобаста ба таъин ва пардохти нафақаро ба таври назаррас сода намуда, нигоҳдории сатҳи дахлдори амнияти иттилоотиро таъмин намуда, инчунин вақти баррасии аризаи шаҳрвандонро оид ба таъин ва пардохти нафақа кам мекунад", - таъкид кард вазир.
Дар рафти чорабинӣ аҳамияти рушди ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар беҳбуди низоми ҳифзи иҷтимоӣ таъкид гардид.
"Динамикаи мусбати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ИИАО афзалияти масъалаҳои татбиқи кафолатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиро тақозо мекунад", - гуфт номбурда.
Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард дар кишварҳои ИИАО
Қаблан Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҳадди афзояндаи савдои бебоҷ барои шахсони воқеиро то 1 апрели соли 2024 тамдид кард.
Қарор ба воридоти молҳои тиҷорати электронӣ ва инчунин меъёри 1 ҳазор евро барои молҳои то 31 кг таъсир мерасонад.
Қабл аз ин, ҳадди болоравии савдои бебоҷ барои шахсони воқеӣ то 1 октябри соли 2023 амал мекард.