Намехоҳем, аммо маҷбурем: Бозгашти "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон ва шарҳи "Барқи тоҷик"

Ширкат дар муроҷиатнома мегӯяд, ки тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ дар кишвар норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон тайи чанд рӯз аст, ки аз маҳдудият дар реҷаи пешниҳоди нерӯи барқ ҳарф мезананд.
ширкати "Барқи тоҷик" низ бо нашри муроҷиатнома ба аҳолии кишвар иллати онро шарҳ дод.
"Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик", "Шабакаҳои интиқоли барқ" ва "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд",- афзудааст ин ниҳоҳ.
Ҳамчунин ширкат тавзеҳ додааст, ки захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар зимистон бештар бо неруи барқ таъмин намудани муштариён истифода бурда мешаванд.
Дар муроҷиатномаи гуфта мешавад, ки зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад ва ҳаҷми истеҳсоли барқ ба оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.
Ҳамин тариқ бо фарорасии фасли сармо ва камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ боиси норасоии мавсимии неруи барқ мегардад.
Дар Тоҷикистон имсол ҳам лимити барқ ҷорӣ мешавад?
"Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд",- гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии мамлакати мо, яъне обанбори НБО-и "Норак" то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур шудааст, вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.
Ширкат дар идомаи муроҷиатнома мегӯяд, ки тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ шудааст ва аз аҳоливу корхонаҳо даъват шудааст, ки сарфакор бошанд.
Аз ин рӯ аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо тақозо шудааст, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд.