ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Масоили тибби халқӣ ва рушди саноати дорусозӣ дар мулоқоти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо ҳайати Донишгоҳи тибби анъанавии чинии Чэнду ва ширкати чинии дорусозии “Good Doctor”-и Чин баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ин мулоқот ахиран дар бино вазорат дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ нахуст Абдухолиқ бо ҳайати чинӣ дар бораи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.
Вай қайд кар, ки дар давраи пандемияи Ковид-19 Чин дар қатори дигар кишварҳо ба Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати сирояти коронавирус кӯмак расонид.
Мақомдори тоҷик зикр кард, ки табиати Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш бой мебошад ва ҳукумати кишвар ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ба иттилои манбаъ, дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши тибби халқӣ ва рушди саноати дорусозӣ мубодилаи афкор намуданд.