ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Аҳли зиё, олимону нависандагон, шоирону ходимони давлативу ҷамъиятӣ, меҳмонон аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба вилояти суғд омаданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Мақсад аз сафари аҳли зиё ба вилояти Суғд иштирок дар маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии "Дуои модар" ба вилояти Суғд омада буданд, бар пояи муҷассамаи "Дуои модар" гулҳои тару тоза гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, озмун мазкур аз ҷониби нашрияи "Ҷумҳурият" ва мақомоти вилоят барои тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дўст доштани модар – Ватан ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ эълон гардида буд.
Ёдовар бояд шуд, ки муҷассамаи “Дуои модар” дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд шудааст.
Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст.
Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб меёбад ва дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.