ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ аллакай ба андозаи 10%-и нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардид.
Масъулини Суғд мегӯянд, пахтакорони Мастчоҳ беш аз 3 ҳазор тонна "тилои сафед" ҷамъоварӣ карданд.
Таъкид шудааст, ки намояндагони касбу кори гуногун кишоварзонро танҳо нагузошта, барои сари вақт ҷамъ кардани ҳосили пахта мунтазам ба ҳашар мебароянд. Ҳар рӯз тақрибан 2 ҳазор нафар ба ҷамъоварӣ кӯмак мерасонанд.
Қаблан раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода низ ба шаҳру навоҳии вилоят рафта, шахсан ҳамроҳи мақомдорони маҳаллӣ ба пахтачинӣ машғул шудаст.
Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, Ситоди вилоятии "Ҳосил-2023" таъсис дода шуда буд.
Ба иттилои мақомоти Суғд, ҳадафи ситоди мазкур ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаи меҳнатӣ ташкил шуда, ҳар 20 рӯз ғолибон муайян карда мешаванд.