Аз чойнику пиёла то тарбузу атлас - намоиш дар маркази Маскав ба ривояти тасвир

Дар намоишгоҳи "Роҳи абрешим" дар маркази Маскав, маҳсулоти мухталиф аз Осиёи Марказӣ пешниҳоди тамошобинон шуда, ҳадафи он таҳкими равобит арзёбӣ шудаст
Sputnik
1 / 10

Намоишгоҳи "Роҳи абрешим" бо ҳадафи таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна дар маркази Маскав роҳандозӣ шудааст.

2 / 10

Макони баргузории ин чорабинии муҳташам, маҷмааи маъруфи тиҷоратӣ дар назди майдони Сурхи Маскав - ё худ ба истилоҳ ГУМ интихоб шудааст.

3 / 10

Сокинону меҳмонони Маскав на танҳо имкони шиносоӣ бо фарҳанг, таърих ва тавлидоти кишварҳои Осиёи Миёнаро доранд, балки метавонанд колои писандидаашонро бихаранд.

4 / 10

Дар пеши чашми ҳозирин, ғизои болаззат, аз ҷумла санбӯсаҳо тайёр карда мешаванд.

5 / 10

Чорабинӣ то 8 октябри соли равон давом дошта, ба тамошобинон лоибоси миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, зарф, ғизо, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра пешниҳод гардидааст.

6 / 10

Ҳамчунин гунбади марказии маҷмааи савдо бо матои анъанавию миллии халқҳои Осиёи Миёна, аз қабили атласу адрас оро дода шудааст.

7 / 10

Боздидкунандаҳои ин чорабинӣ имкон доранд, маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ, аз ҷумла тарбузро бихаранд.

8 / 10

Ҳамчунин дар "Роҳи абрешим" ба боздидкунандаҳо меваҳои хушк аз Осиёи Марказӣ пешниҳод гардидаст.

9 / 10

Зарфҳо, аз ҷумла табақ ва чойнику пиёлаи хоси Осиёи Марказӣ низ чорабиниро оро додаанд.

10 / 10

Сокинону меҳмонони Маскав на танҳо имкони шиносоӣ бо фарҳанг, таърих ва тавлидоти кишварҳои Осиёи Миёнаро доранд, балки метавонанд колои писандидаашонро бихаранд.