ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ Файсал бин Фарҳон, дар суханронии худ дар маҷмаъи умумии милал муттаҳид гуфт, ки “Афғонистон набояд ба паноҳгоҳии амн барои созмонҳои террористӣ табдил шавад”.
Вай ҳамчунон хостори афзоиши кумакҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кумак дар "коҳиши ранҷ"-и мардум Афғонистон шуд.
"Мо хостори эҳтиром ба ҳуқуқи башари мардуми Афғонистон аз он миён ҳаққи дастрасии бонувон ба омӯзиш ва кор ҳастем", - гуфт Вазири хориҷаи Арабистон Саудӣ.
Файсал бин Фарҳон бо таъкиди бар аҳмияти амният ва сулҳ дар Афғонистон гуфтааст, ки "ин кишвар набояд ба макони амн барои созмонҳои террористӣ табдил ёбад".
Қаблан Анвар Иброҳим, нахуствазир ва вазири молия дар маҷмаъи умумии Милал муттаҳид гуфт, ки инкори ҳаққи омузиши духтарон дар Афғонистон, нақзи омӯзаҳои исломӣ аст.
Вай дар идома аз толибони хост, ки сиёсатҳои табъизомез алайҳи занону духтаронро лағв кунанд.
Иброҳим дар идомаи суханони худ бо ишора ба буҳрони башарӣ дар Афғонистони афзуд: Вахомати вазъияти башарӣ дар Афғонистон нигаронкунанда аст.
Вазири хориҷаи Арабистон дар ҳоле аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки дар "коҳиши ранҷ"-и мардуми Афғонистон саҳм бигиранд, ки барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мегуяд, Афғонистон дар миёни даҳ кишвари ҷаҳон қарор дорад, ки дар он миллионҳо нафар дар маърази гуруснагӣ қарор доранд.
Тибқи омори ин созмон, Афғонистон пас аз Судон дуюмин кишвар дар ҷаҳонаст, ки дар он беш аз 6 млн тан дар маърази гуруснагӣ қарор доранд.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон* пас аз як муомилаи печидау пинҳонӣ бо Амрико дар Қатар бидуни даргирии Афғонистонро зери кантроли худ даровард ва аз он замон фармонҳои тундравонае зиёде бар шаҳрвандони Афғонистон ва ба вижаи бонувони содир ва ба иҷро гузоштааст.
Ин гурӯҳ ҳамчунон пас аз чирагии як ҳукумати муваққати такҳизбӣ ва такқавмиро ташкил дод, ки то кунун ҳеҷ кишваре онро ба расмият нашинохта аст.
* гуруҳи толибон ба далели амалҳои террористӣ зери таҳримҳои СММ қарор дорад.