ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар идомаи сафари ҳайати Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ ба Душанбе, Абдулҳусайни Хусравпаноҳ, дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ бо Хайриддин Усмонзода раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури Абдулҳусайни Хусравпаноҳӣ, дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ ва Шолуӣ, раиси Анҷумани осору мафохири фарҳангӣ ва Алиризо Ҳабибӣ, муовини умӯри байналмиллал ва устонҳои Анҷуман ва намояндаи сафорати Эрон дар Душанбе баргузор шуд.
Бар аҳамияту зарурати густаришу таъмиқи равобити илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ду тараф таъкид шуд.
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт, талоши мо дар Маркази мутолиъоти стратегӣ бар ин аст, ки зимни имконсанҷии ниёзҳои ду кишвар дар арсаи илму фарҳанг, осониҳои лозимро дар рафъи ниёзҳои идорӣ ва ташрифотии марбут ба равобити фарҳангии ду кишварро дар ниҳоди раёсатҷумҳурӣ ва назди раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон фароҳам оварем.