ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ахиран дар Душанбе бо ҳузури таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ дар бораи рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин ҷаласа муовини Сарвазир кишвар таъкид кардааст, ки тайи солҳои охир дар соҳаий сайёҳӣ қатор ташаббусҳои созанда барои рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд.
Вай қайд кардааст, ки таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷӣ рӯз аз рӯз ба Тоҷикистон зиёд гардида истодааст.
Дар рафти ҷаласа муовини сарвазир ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати супориш додааст, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ,сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ чораҷӯӣ намоянд.
Қайд карда шудааст, ки мақомот барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин намудааст.
Ҳамчунин Матлубахон Сатториён ба аъзои Шӯрои байниидоравӣ дастур дод, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҷоннок намоянду, дар ин самт масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.
Қайд гардидааст, ки дар кори ҷаласа ҳамзамон гузориш дар бораи натиҷаҳои таҳлили раванди арзёбии рейтингҳои байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон, шарҳи масъалаҳои таъмини бехатарии сайёҳон ва кӯҳнавардҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва пешниҳоди тадбирҳо оид ба вусъат додани рушди сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро барои бартараф намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои ҳукумати кишвар дар бораи рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар, иҷрои босифати барномаҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2023 – 2026” ва омодасозии соҳа ба пазироии сайёҳон дар шароити баъдибуҳронӣ, хусусан рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.