Роҳандозии 57 лоиҳа бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун дар Кӯлоб

Ба иттилои раиси шаҳри Кӯлоб дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб аз 57 лоиҳаҳо 49 лоҳиҳа дар бахшҳои мухталифи шаҳр роҳандозӣ гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар як ҷаласае дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки ҳукумат дар то соли 2025 барои рушди иқтисод ва савдои 225 лоиҳаҳо роҳандозӣ хоҳад кард.
Ба иттилои мақомдори тоҷик ба ҳолати 1 сентябри соли равон, 57 лоиҳаҳо аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти оби нушокӣ, роҳу нақлиёт, таъминоти барқ ва ҳолатҳои фавқулода иҷро гардида, дар 49 лоҳиҳаҳои соҳаҳои мазкур корҳо оғоз гардида, идома доранд.
Ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 таҳия гардидааст, шаш солро дар бар мегирад ва ба он 225 лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 7 млрд сомонӣ ворид шудаанд.
Нақзи қонуни замин дар Кӯлоб афзоиш ёфтааст
Ҳамзамон дар ин ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой дар бораи масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии сатҳи маҳал ва омода намудани мутахассисон дар ин самт фикру ақидаҳои худро иброз кард.