Эрон силоҳҳои навтаринашро дар гузашти низомӣ намоиш дод - акс

Ба муносибати оғози ҳафтаи муқаддаси дифоъ дар шаҳри Теҳрон гузашти низомии баргузор шуд, ки дар он Эрон техникаҳои нави ҷангиашро намоиш дод.
Sputnik
1 / 12

Гузашти низомӣ дар Теҳрон

2 / 12

Эрон бори нахуст дар парад мушакҳои нави фаросавтии “Фаттоҳ” ва инчунин мушаки болдори дурпарвози “Повеҳ-04”-ро намоиш дод.

3 / 12

Ба муносибати оғози ҳафтаи муқаддаси дифоъ дар шаҳри Теҳрон гузашти низомии баргузор шуд

4 / 12

Қаблан бархе аз намунаҳои мушак ва паҳподҳои ҷангиашро Эрон ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу, ки ҳафтаи гузашта бо як сафари корӣ дар ин кишвар ҳузур дошт намоиш доданд.

5 / 12

Эрониҳо дар маҷмуъ 18 намуди мушакҳои баллистикӣ намоиш доданд

6 / 12

Дар гузашти низомӣ ҳамчунин системаи дифои ҳавоии Бавар 373, ки монанди системаи С-300-и Русия аст намоиш доданд.

7 / 12

Паҳподи ҷадиди Эрон "Камон-22"

8 / 12

Гурӯҳи "басиҷҳо"

9 / 12

Дар гузашти низомӣ як қатор дастгоҳҳои сайёр барои партоби гурӯҳии паҳподҳои Шахед-136 низ дида шуд.

10 / 12

гурӯҳи сарбозони эрон дар гузашти низомӣ

11 / 12

Ҳамчунин дар ин парад системаи дифои ҳавоии Эрон Хордод-15 муаррифӣ шуд. Ин аслиҳа қодир аст ҳадафҳо, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, мушакҳои болдор ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар масофаи 150 километр ва дар масофаи то 120 километр нобуд созад.

12 / 12

Дар гузашти низомӣ як қатор дастгоҳҳои сайёр барои партоби гурӯҳии паҳподҳои Шахед-136 низ дида шуд.

Бисёре аз коршиносон аз шабеҳати ин паҳподро ба паҳподи сохти Русия Геран-2-ро қайд мекунанд.