Афзоиши назарраси ҳаҷми бозори хариди давлатӣ дар ИИАО

Яке аз самтҳои асосии кори Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар соҳаи хариди давлатӣ ин татбиқи чораҳо барои бартараф кардани монеаҳо дар ин самт арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар аксари мавридҳо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё хариди давлатиро аз дигар аъзои иттиҳодия анҷом медиҳанд.
Дар ин бора вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Бахит Султонов зимни Форуми VII байналмилалии муносибатҳои шартномавӣ дар Санкт-Петербург хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ҳаҷми бозори хариди давлатии кишварҳои ИИАО ҳамасола ба таври назаррас афзоиш меёбад.
"Дар охири соли 2022 он беш аз 190 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 20% фоиз зиёд аст", - гуфт ӯ.
Ширкаткунандагони ҳамоиши Санкт-Петербург мавориди нақзи рақобат дар заминаи хариди давлатӣ ва ҳамчунин танзими раванди харидро баррасӣ карданд, ки ба гуфтаи коршиносон, бояд ба вазъи кунунии иқтисодӣ мутобиқ карда шавад.
Вазир гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссия ба ҳадди ақалл кам кардани монеаҳо дар хариди давлатӣ дар дохили иттиҳодия мебошад.
Кишварҳои ИИАО тарзи фуруши барқро баррасӣ карданд
Ба гуфтаи Султонов, шартнома дар бораи ИИАО як принсипи асосӣ дорад, ки пешниҳоди низоми миллӣ дар харидро пешбинӣ мекунад.
Вай тавзеҳ дод, ки ин ба он маъно мебошад, ки кишварҳо барои молҳо, корҳо ва хидматрасониҳо аз дигар кишварҳои узв ҳамон шарту шароитро муҳайё кунанд, ки барои молу хадамоти худӣ пешниҳод месозанд.