Сиёсатшиносони ҷавони Тоҷикистон бо дипломатҳои рус ошно мешаванд

Иштирокчиёни барномаи "Насли нав" дар курси онлайни дипломатия гузаштанд ва сипас барои ошноӣ бо рӯзномаи сиёсии Русия ба Маскав омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дипломатҳои довталаби Тоҷикистон омӯзишҳои худро ба итмом расонда, барои мулоқот бо сиёсатмадорон ва коршиносони Русия ба Маскав омаданд.
Дар ин бора муовини раиси Россотрудничество Дмитрий Поликанов хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯриҳо мутахассисони ҷавон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ ширкат хоҳанд кард.
Дар давоми ду моҳ иштирокчиёни барномаи "Насли нав" дар соҳаи сиёсати хориҷӣ омӯзиши онлайн гирифтанд.
Пас аз хатми курс онҳо бояд бо намояндагони Россотрудничество, Вазорати корҳои хориҷии Русия, Думаи давлатии Русия, Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Шӯрои корҳои байналмилалии Русия мулоқот кунанд.
Дипломатҳои тоҷик барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Ӯзбекистон мераванд
"Ин сафар як қисми ҳаёти касбии шумост. Шумо имкон доред, ки ба Русия биёед ва бо беҳтарин коршиносон вохӯред, худро бо дониш ва робитаҳои нави муфид ғанӣ гардонед. Акнун шумо ба ҷомеаи Институти проблемаҳои актуалии байналхалқӣ ворид мешавед, муоширатро бо ҳамдигар ва ҳамкорон идома медиҳед", - қайд кард Поликанов.