ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тоҷикистон ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем.
Дар ин бора президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд.
Вай таъкид кард, ки Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва тибқи гуфтаҳои дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид наваду ҳафт фоизи аҳолии ин кишвар дар ҳолати фақр қарор дорад.
Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст.
Президент дар идома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки кӯмакҳояшонро ба мардуми ин кишвар бештар намоянд.
"Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд", - таъкид кард раисҷумҳур.
Дар ин росто, мо омодаи ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.